Сел дар Панҷиканд 25 хона ва роҳҳоро вайрон кард

© Sputnik / Анатолий УстиненкоПоследствия селевого потока, архивное фото
Последствия селевого потока, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин офати табиӣ тақрибан соатҳои 17:00 сар зада, ягона роҳи миёни ҷамоатҳо, ду пули мошингузар ва симчӯбҳои барқро вайрон кардааст

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Рӯзи 26-уми июн дар пайи боридани борони сахт ва жола дар деҳаҳои Амондара ва Майкадаи ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷиканд сел фурӯ рехт.

Чуноне ки хабаргузории СМ-1 иттилоъ медиҳад, ин офати табиӣ тақрибан соатҳои 17:00 сар зада, ягона роҳи миёни ҷамоатҳо ва ду пули мошингузар, симчӯбҳои барқро вайрон кардааст.

Ба гуфти шоҳидони ҳодиса, сел каму беш 25 хонаро вайрон кардааст.

Ситоди ҳолатҳои фавқуллода дар вилояти Суғд дар гуфтугӯ бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон фурӯ рехтани селро таъйид карду афзуд, ки гурӯҳи фаврии ситод дар Панҷиканд қарор доранду хисороту осебҳои иқтисодии бархоста аз селро баровард мекунад.

Бино ба гузоришҳо, ин сел талафоти ҷонӣ бар ҷой нагузоштааст.

Ёдовар мешавем, ки пештар КҲФ ҳушдор додабуд, ки рӯзҳои 24-25 июн дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, хабар дода шуда буд, ки бархе аз минтақаҳои кишварро падидаҳои печидаи ҳавошиносие чун боронҳои селосо, раъду барқ, вазиши тундбод бо суръати то 27 метр дар як сония интизор аст.

Аз ин рӯ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш карда шуда буд, ки тайи ин рӯзҳо ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.

Лентаи хабарҳо
0