Мусулмонони Тоҷикистон бомдоди имрӯз намози иди Фитрро адо карданд

© Sputnik / Амир Исаев, STR / Гузариш ба медиабонкПразднование Ураза-Байрам в Душанбе, архивное фото
Празднование Ураза-Байрам в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мусулмонони Тоҷикистон бомдоди рӯзи 26 июн дар масоҷиди ҷомеъи кишвар намози иди Рамазонро хонданд

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Намози иди Фитр дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе бо амри маъруф ва суханони табрикии Саидмукаррам Абдулқодирзода — раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баргузор шуд.

Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусулмонон аст, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, пас аз поёни моҳи рамазон баргузор мешавад. Дар Тоҷикистон ин рӯз таътили умумӣ эълом шудааст.

Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Аз суннат пайравӣ накард: Трамп дар остонаи иди Фитр "дасторхон" наорост

Ин ҷашни муборак пас аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз мардум либосҳои тоза ба бар намуда, ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд. Мардуми Тоҷикистон мувофиқи қонун "Дар бораи рӯзҳои истироҳатӣ" дар ин рӯз истироҳат мекунанд. Тамоми мусулмонони ҷаҳон дар ин рӯз ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ рафта ба якдигар сулҳу салоҳ таманно мекунанд.

Иди Рамазон дар кишварҳои мусулмоннишин аз як то се рӯз қайд карда мешавад. Дар рӯзи аввал мардум бо либоси тоза ба масҷидҳо рафта намози ид мегузоранд. Дар рӯзҳои баъдӣ бошад дастархони идона ороста ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ мераванд.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пештар шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳангоми оростани хони ҷашнӣ ба сарфакорӣ даъват кард.

Лентаи хабарҳо
0