Кӯдаке зери чархи мошин ҷон бохт

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкАвтомобили на проезжей части, архивное фото
Автомобили на проезжей части, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокини шаҳри Душнабе кӯдакеро аз Исфара пахш кардааст

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ ҳодиса 24 июни соли равон ба вуқӯъ пайвастааст.

Манбаъ хабар медиҳад, ки рӯзи 24 июн, тахминан соати 20:00 ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" кӯдакеро дар роҳ пахш кардааст.

Ронанда сокини шаҳри Душанбе буда, аз Душанбе ба Хуҷанд ҳаракат мекард.

Ҳодиса дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаннок" дар километри 271-ум ба амал омадааст.

Гуфта мешавад, ки ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, кӯдаки 5-солаи сокини шаҳри Исфараро пахш намудааст.

Кормандони интизомии Тоҷикистон ҳодисаро пайгирӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0