ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи Созмони обуҳавошиносӣ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои ҷашнӣ ҳавои мусоид пешгӯӣ мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво аз 35 то 37 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ҳудуди вилояти Суғд ҳам, ҳавои нарми бебориш ҳукмрон хоҳад буд, ҳарорати ҳаво шабона аз 21 то 23 дараҷа гарм мешавад.
Ҳарорати ҳаво дар ВМКБ рӯзона то 26 дараҷа шабона бошад то 15 дараҷа гарм мешавад.
Сокинони Тоҷикистон ин ҳафта чор рӯз пайи ҳам истироҳат хоҳанд кард. Рӯзи душанбе — Иди Рамазон аст.
Рӯзи сешанбе, 27-уми июн — Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад. Ин ду рӯз дар кишвар рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст.Пеш аз идҳо рӯзи шанбе ва якшанбе аст, ки маъмулан дар кишвар рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин ҳисоб, сокинон чор рӯз пайи ҳам истироҳат хоҳанд кард.