ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Барои дарёфти "Ҷоми Оқохони IV" ҳашт даста рақобат хоҳанд кард.
Раҳбари равобити умумии созмони "Нур" Аброр Боймамадов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки дар паи мағлубият ва ба даст наовардани имтиёзҳои кофӣ, ёздаҳ даста аз идомаи бозӣ маҳрум шуданд.
Инҳо дастаҳои "Сучон", "Поршинев", "Куйбишев", "Вамд", "Помир 4", "Вахон", "Шоҳдара", "Бар-Рӯшон", "Зер-Рӯшон", "Хоруғ 1" ва "Ғунд", ҳастанд.
Дар даври чорякниҳоӣ, дастаҳои "Сохчарв", "Ишкошим", Боми ҷаҳон", "Помир-Душанбе", "Рӯшон", "Вамар", "Хоруғ", "Фарзандони Помир" бо якдигар рақобат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта "Ҷоми Оқохони IV" насиби дастаи "Вамар" шуда буд.
Мусобиқаи футбол барои дарёфти "Ҷоми Оқохон" 20 май оғоз шуда то 15 июли соли равон идома мекунад. Дар ин муддат ҳар ҳафта рӯзҳои таътил дар майдони "Спартаковетс" Маскав бозиҳо баргузор мешаванд.