ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Шамсиддин Шанбиев, футболбози дастаи дувуми "Спартак" (Маскав), чанде пеш бозикуни дастаи мунтахаби ҷавонони Русия шуд.
Вай пеш аз ин бозикуни аслии дастаи "Спартак — 2" буд, ки дар мусобиқоти Лиги миллии футбол — Иттиҳодияи бошгоҳҳои ҳирфаии футбол ширкат мекунад. Ин даста порсол дар мусобиқоти ЛМФ шашумин ҷойгоҳро ба даст оварда буд. Шамсиддин дар 32 бозии ин даста дар ин лиг ширкат карда ва бозикуни аслии он шуда буд.
Шамсиддин дар мусобиқоти солҳои 2015/2016 бозикуни дастаи ҷавонони "Спартак" буд ва дар поёни он мусобиқот ба дастаи "Спартак — 2" роҳ ёфт. Ӯ дар майдон ҳам мудофеъ аст ва ҳам бозикуни миёнӣ.
Моҳи июн дастаи ҷавонони Русия дар Новогорск тамрин мекард ва ҳамонҷо бо дастаи Белорус бозии дӯстона дошт. Шамсиддин дар ин бозӣ аз оғоз то анҷом дар майдон буд ва дастааш бо ҳисоби 7:0 бар рақибон пирӯз шуд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо Шамсиддин Шанбиев дидор карду пурсид чигуна футболбоз шудааст:
Шамсиддин 18 феврали 1997 дар Хуҷанд ба дунё омада, вале солҳо боз дар Маскав зиндагӣ дорад.
"Падарам аз дер боз дар Маскав кор мекард ва маро ҳам замоне, ки сесола будам, инҷо овард. Ман ду сол пеш мактаби миёнаро хатм кардам ва акнун дар риштаи мураббигарии донишгоҳи варзишии "Синергия" таҳсил мекунам", — гуфт вай.
Вай аз кӯдакӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Фаронса, Олмон, итолиё ва Нидерланд, ширкат мекарда ва акнун ки дар Лиги миллии футбол бозӣ мекунад, ҳар аз гоҳе ба шаҳрҳои Русия парвоз мекунад.
"Аз парвоз бо ҳавопаймо дигар хаста шудаам", — мегӯяд ӯ бо гилае шӯхиомез.
Шамсиддин мегӯяд, ки падараш футболдӯст аст ва ҳамеша мехост, ки яке аз писаронаш футболбоз шавад.
"Ӯ аввал маро ба омӯзишгоҳи футболи "Буревестник" (Маскав) бурд, вале дар онҷо ба сӯям ҳатто нигоҳ накарданду гуфтанд ҷой надорем. Сипас падарам маро ба омӯзишгоҳи "Спартак" бурд ва онҷо маро пазируфтанд", — ба ёд меорад ӯ.
Ба гуфтаи Шамсиддин, падараш аз ҳаводорони шеваи бозии "Спартак" аст, вале амакашро аз бозии "Локомотив" хуштар меомад ва мехост бародарзодааш дар ин даста бозӣ кунад.
"Вале ман тасмим гирифтам, ки дар "Спартак" бимонам", — тавзеҳ медиҳад варзишкор.
Шамсиддин мегӯяд, ки ҳануз намехоҳад хонадор шавад.
"Ҳануз зуд аст. Шояд чанд сол пас чунин ҳам шавад. Ман дар Русия кор намекунам, чун дар бошгоҳи номдори "Спартак" бозӣ мекунам ва зиндагиямро аз даромади варзишкориям ба даст меорам. Ҳамин даромад дарои гузарони рӯзгорам мерасад", — мегӯяд вай.
Шамсиддин гуфт, ки дар Маскав мушкиле надорад, зеро забону фарҳанги русиро хуб аз худ кардааст.
"Дар Русия низ чун дигар кишварҳо муҳим аст, ки фарҳанг биёмӯзӣ ва рафтору гуфторат шоиставу боадабона бошад", — таъкид кард варзишкор.