ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Рустам Эмомалӣ бо имзои қароре барои беҳтарин донишомӯзони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе стипендия ё бурси таҳсилӣ таъйин кард.
Бино ба иттилоъи равобити умумии шаҳрдории Душанбе, бар асоси ин қарор, 200 донишомӯз дар нӯҳ моҳ аз соли хониш ҳар моҳ аз шаҳрдорӣ 250 сомонӣ дарёфт хоҳанд кард.
Бурси таҳсилии шаҳрдори Душанбе барои донишомӯзони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии пойтахт ва бо ҳадафи пуштибони ва ҳавасмандсозии ҷавононе таъсис дода шуда, ки рафтори намуна ва хониши хубу аъло дошта, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат мекунанд.
Ин бурсро ниҳодҳои масъули кор бо ҷавонон бар асоси озмун ва барои як соли таҳсил (аз 1 сентябр то 1 июн) таъйин мекунанд.