ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, ҳодиса 23 июни соли равон ба вуқӯъ пайвастааст.
Дар паи баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ, кормандони интизомӣ, ҷавонписари 17-солаи деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнонро бо гумони қасдан захмӣ карданди марди 40-сола, дастгир кардаанд.
Гумонбар хонандаи синфи 11 будааст.
Ӯ 23 июн тахминан соати 11:30 дар паи муноқиша бо марди 40-солаи деҳаи Тишор, бо корди дар дасташ буда, маротибае ба шиками ин мард задааст.
Паз аз захмӣ кардан, гумонбар аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Марди 40-сола дар натиҷаи бардошти ҷароҳати ҷисмонӣ, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Манбаъ меафзояд, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.