Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Чин

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон вобаста ба фоҷиаи табиӣ дар Чин, ба унвони раисҷумҳури ин кишвар номаи таслият равон кард

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, рӯзи 24 июн,  Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Чин, Си Ҷинпин барқияи тасллият ирсол намудааст. Дар номаи ҳамдардӣ омадааст:

"Муҳтарам ҷаноби раис, хабари талафоти зиёди одамон бар асари фаромадани ярч дар музофоти Сичуани Чинро бо андуҳи амиқ дарёфтам.

Дар ин соатҳои душвор мо дарди мардуми дӯсти Чинро қисмат мекунем.

Хоҳишмандам тасаллияти амиқ ва ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони бар асари ин ҳодиса ҳалокшудагон расонед".

Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбе дар музофоти Сичуани Чин ярч фаромадааст, ки дар роҳи худ 62 манзилҳо шустааст.

Бар асари ин офати табиӣ ду кӯдак ба ҳалокат расида, аз зарби ярч моли 446 ҳазор кас зарар дидааст. То ҳол дар бораи марги беш аз панҷ нафар хабар дода шуда, наздики 120 кас бе ному нишон гаштааст.

 

Лентаи хабарҳо
0