Ҳалокати 140 кас дар паи сӯхтор дар Панҷоб

© Sputnik / Евгений Пахомов / Гузариш ба медиабонкПакистан. Архивное фото
Пакистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар музофоти Панҷоби Покистон сӯхтор ба амал омад. Хушбахтона то ин дам сӯхтор хомӯш карда шуд, вале то ҳол алоқаи нақлиёт барқарор нашудааст

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Хабаргузории РИА Новости бо такя ба шабакаи телевизионии Geo TV аз марги беш аз 140 тан дар паи сӯхтор хабар медиҳад.

Бино ба додаҳои шабака, сӯхтор дар музофоти Панҷоб дар натиҷаи оташ гирифтани мошини дорои маҳсулоти сӯзишворӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

Пештар дар бораи марги 123 кас ва захмӣ шудани 49 тан, ки наздики 70 дарсади бадани онҳо сӯхтааст, дар бемористон бистарӣ гардиданд.

Ба гуфти сокинони маҳаллӣ, бошандагони минтақа ба хотири гирифтани сӯзишворӣ, ки аз мошин мерехт, ҷамъ шуда буданд. Дар дасти бархе аз сокинон сигор буд, ки эҳтимолан сабаби сар задани оташ шудааст. Гуфта мешавад, ки оташ чаҳор худрав,74 мотосикл ва даҳҳо мошинро ба коми худ фурӯ бурдааст

Сӯхтор аллакай хомӯш карда шуд, вале то ҳол роҳи нақлиёт барқарор нагардидаст.

Лентаи хабарҳо
0