Ҳунармандони тоҷик чӣ гуна будани арӯси замонавиро нишон доданд

© Группа в ОдноклассникахНаряды работы портнихи Салимы Худобердиевой, архивное фото
Наряды работы портнихи Салимы Худобердиевой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунармандони Театри ҷавонони ба номи Маҳмудшоҳ Воҳидов намоиши "Арӯси ҷангара ё экстрассенс"-ро нахустин бор ба намоиш гузошта, чӣ гуна будани арӯси замонавиро нишон доданд

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ ин намоишома барои нахустин бор рӯзи 23 июн дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба саҳна гузошта шудааст.

Намоишнома ба қалами Султоншо Муқаддамов тааллуқ дорад.

Уроженка Таджикистана на улице Нью-Йорка - Sputnik Тоҷикистон
Се шарти арӯсӣ: тоҷикдухтарон чиро бояд бидонанд

Намоиши мазҳакавии "Арӯси ҷангара ё экстрасенс" аз ҷониби ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров рӯи саҳна омадааст.

Дар ин намоишнома ҳунарпешаҳои соҳибистеъдод аз қабили, Нуриддин, Ҳасанов, Боева ва дигарон наушофарӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки "Арӯси ҷангара ё экстрасенс" муносибатҳои имрӯзаи арӯсонро бо дигар аъзоёни оила инъикос менамояд.

Лентаи хабарҳо
0