Аз ҳамлаи теруристӣ ба Масҷидулҳаром ҷилавгирӣ шуд

© AP / Hadi MizbanКааба. Архивное фото
Кааба. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурони амниятии Арабистон Саудӣ рӯзи гузашта аз вуқӯи як ҳамлаи теруристӣ ба Масҷидулҳаром пешгирӣ карданд

ДУШАНБЕ, 24 июн —Sputnik. Бино бар гузориши Вазорати умури дохилаи шоҳигарӣ, дар ҷараёни амлиёти безараргардонии  теруристон инҳорӣ ду тан аз нигаҳбонон ва шаш хориҷӣ ҷароҳат бардоштанд.

Мақомоти Арабистон эълон карданд, ки теруристон хориҷӣ буданд.

Тегеран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Теруристи Маҷлиси Эрон ба мардуми оддӣ ҳамла кард

Гуфта мешавад, ин ҳодиса як рӯз қабл аз иди Фитр рух додааст.

Тавре аз ВУД Арабистони Саудӣ хабар доданд, гумонбарон дар шаҳрҳои Ҷидда ва Макка дастгир шуданд.

Масҷидулҳаромаром маъмулан дар рӯзҳои ҷумъа ва ид боз ҳам серодам мешавад. Каъба дар ин масҷид қарор дорад ва қиблаи мусалмонони саросари ҷаҳон аст

Макка муқаддастарин шаҳр барои мусалмонони ҷаҳон аст, ки ҳамасола онро милюнҳо сокини ҷаҳон зиёрат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0