Паёми раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати иди саиди Фитр

© Фото : пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент РТ Рахмон Эмомали, архивное фото
Президент РТ Рахмон Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр шаҳрвандони кишварро муборакбод нумуда, аз фазилатҳои моҳи Рамазон ёдовар шуд ва аз мардуми саховатманди кишвар даъват намуд, ки дасти ҳиммати худро сӯйи мӯҳтоҷон дароз кунанд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба муносибати иди саиди Фитр муборакбод намуд.

"Ҳар сол мардуми мусулмон баъд аз адои яке аз фаризаҳои дини мубини ислом — рӯзаи моҳи шарифи Рамазон фарорасии иди саиди Фитрро бо болидарӯҳиву хушҳолии хосса ҷашн мегиранд. Бинобар ин, куллии ҳамватанони азизро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки шумо бахту саодат, сулҳу оромӣ ва хайру баракат орзу менамоям. Қобили зикр аст, ки рамазон, яъне моҳи парҳезу тақво ва покизагию фурӯтанӣ фурсати муносибе буд, то мардуми мусулмони мо онро барои паймудани роҳи маърифати маънавӣ истифода намоянд. Умедворам, ки ҳамаи шумо аз мафҳумҳои баланд ва инсонсози ин моҳ, аз ҷумла сабру таҳаммул, раҳму шафқат ва дигар амалҳои хайр сабақи хубе омӯхта бошед",- омадааст дар табрикоти раиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки дар ин рӯзҳои саид додани садақа ва некӣ ба мардум аз амалҳои савоб ва нек ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ раисҷумҳур аз сахотмандони кишвар даъват намуд, ки дасти мадади хешро сӯйи эҳтиёҷмандон дароз кунанд.

Ба занону духтарони тоҷик бошад бори дигар хотиррасон кард, ки ҳангоми оростани дастархони идона сарфакору эҳтиёткор бошанд.

Лентаи хабарҳо
0