Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз сарфакорӣ дар Иди Рамазон ёдрас кард

© Фото : Пресс служба Президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласаи Ҳукумат тарҳи чанд қонун маъқул дониста шуда, ба Маҷлиси намояндагони кишвар ирсол гардид. Дар охир раисҷумҳур бори дигар таъкид кард, ки шаҳрвандон дар ид сарфакор бошанд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бино бар гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи гузашта дар Қасри миллат маҷлиси навбати Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, дар кори маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Сипас ҳисоботи раиси Кумитаи андоз ва раиси ноҳияи Зафаробод шунида шуд.

аз  рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017" шунида шуд.

Раисҷумҳур ба кӯдакони бенаво идӣ тақдим кард - Sputnik Тоҷикистон
Кӯдаконро шод кардан суннати Пайғамбар аст

 

Дар кори маҷлис аъзои ҳукумати кишвар инчунин лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла дар хусуси лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон", Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ", Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" — ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ҳамчунин пешниҳоди 5 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" ирсол карда шуд.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро вазифадор намуд, ки барои ташкили хуби истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ва маводи сӯзишворӣ, риояи қатъии қоидаҳои зиддисӯхтор чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин Сарвари давлат бори дигар дар арафаи Иди саиди Фитр ба кулли шахсони эҳтиёҷманд додани фитри рӯзаро ёдрас намуда, супориш дод, ки ба хотири мусоидати бештар баҳри беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мардум бояд дар вақти оростани дастархони идона ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0