Ғолибони озмуни асарҳои иҷтимоъӣ ва назм муайян гардиданд

© Sputnik / Амир Исаев Министерство культуры РТ. Архивное фото
Министерство культуры РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бахши назм шоирони шинохта Камол Насрулло, Гурез Сафар, Гулназар Келдӣ, Шаҳрия, Гулрухсор ва Муҳаммадалии Аҷамӣ пирӯзӣ ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Равобити умуми Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дирӯз ҳайъати доварони Озмуни саросарии "Асарҳои публисистӣ ва шеърҳо ба муносибати 20-умин солгарди Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ғолибони онро муайян намуданд. 

Тибқи иттлои манбаъ, Вазорати фарҳанги  Тоҷикистон ин озмунро барои муаллифони асарҳои назмиву насрии тоҷик, ки дар тараннуми Ваҳдат асарҳои нав эҷод кардаанд, озмунро эълон намуда буд. Муаллифон асарҳои худро то 1 июни соли 2017 ба Вазорати фарҳанг пешниҳод карданд.

Ҳайъати доварон ба роҳбарии раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар бахши наср Муҳтарам Ҳотам, Маҷид Салим, Ато Ҳамдам, Леонид Чигрин ва Шералӣ Мустафоқуловро бо ҷоизаҳои нақдии Вазорати фарҳанг сарфароз кард.

Дар бахши назм шоирони шинохта Камол Насрулло, Гурез Сафар, Гулназар Келдӣ, Шаҳрия, Гулрухсор ва Муҳаммадалии Аҷамӣ пирӯзӣ ба даст оварданд.

Лентаи хабарҳо
0