Ба гузориши Sputnik Қирғизистон, пештар Кумитаи умури изтирории кишвар эълом карда буд, ки дар шаҳри Бишкек ва вилояти Чуй тундбод хоҳад вазид.
Тундбод дар вилояти Чуй низ дарахтҳоро решакан кардааст.
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки онҳо аз назди дарахт мегузаштанд ва ногоҳ садои шараққосеро шуниданд.
Дар майдони Ала-Тоо бод панҷараҳои оҳаниро шикаста, аломати роҳро канда кардааст. Ҳамчунин бахше аз боми сохтмони "Илбирс"-ро низ вайрон кардааст.
Аз шиддати тундбод яке аз парчамҳои аслии пойтахт наздик буд аз милааш канда шавад.
Дар назди яке аз фурӯшгоҳи занҷираӣ дарахте решакан шуда, болои худрав афтидааст.
Манбаъ меафзояд, ҳоло тундбод ҳамнуз ҳам вазидан дорад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта КҲФ Тоҷикистон низ сокинони кишварро ҳушдор дода буд, ки рӯзҳои 24-25-уми июн дар кишвар ҳавои тағйирёбанда интизор меравад. Тибқи гузориши манбаъ, дар митақаҳои алоҳида бориши борони зиёд ва вазидани шамоли тунд дар назар аст.