Русия мехоҳад дар Кӯҳистони Бадахшон тарҳҳои башардӯстона иҷро кунад

© Фото : Посольство РФ в РТВизит посла РФ в ГБАО
Визит посла РФ в ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Русия дар Тоҷикистон дар сафаре корӣ аз вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид кард

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар сафаре корӣ аз шаҳри Хоруғ ва бархе аз рустоҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид кард.

Ба гузориши равобити умумии Сафорати Русия дар Душанбе, Игор Лякин-Фроловро дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ шаҳрдори маркази ВМКБ Арамбегим Маҳтобшозода пешвоз гирифт.

Сафири Русия дар ин сафар бо раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед дидор ва дар бораи ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон, авзоъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ширкати Русия дар иҷрои тарҳҳои башардӯстона дар Кӯҳистони Бадахшон гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор аз саҳмгузории низомиёну донишмандону фарҳангиёни русу шуравӣ дар ободонӣ ва пешрафтҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба некӣ ёд шуд.

Игор Лякин-Фролов ҳамчунин аз Боғи гиёҳшиносии Хоруғ, Бунгоҳи табиъатгардӣ, чашмаи Бибӣ Фотима Заҳро, Гармчашма ва ҳамчунин пардиси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ боздид кард.

Лентаи хабарҳо
0