Кишварҳои арабӣ Қатарро водор ба қатъи равобити дипломатӣ бо Эрон мекунанд

© Sputnik Флаг Ирана, архивное фото
Флаг Ирана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кишварҳои арабӣ аз Қатар талаб кардаанд, ки фаъолияти шабакаи телевизиюнии "Алҷазира"-ро боз истонда ва ҳамкорӣ бо Туркияро қатъ карда пойгоҳи низомии онро аз қаламраваш бар чинад

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Кишварҳои арабӣ аз Қатар талаб кардаанд, ки равобити сиёсияшро бо Эрон қатъ кунад.

Кишварҳои арабӣ аз Қатар талаб кардаанд, ки фаъолияти шабакаи телевизюнии "Алҷазира" боз истонад, ҳамкориҳо бо Туркияро қатъ кунад ва пойгоҳи низомии Туркияро аз қаламраваш бар чинад. Афзун бар ин, кишварҳои арабӣ аз Қатар пардохти ҷаримаву товонро талаб карда ва барои иҷрои кулли ин шартҳо ба давлати Қатар 10 рӯз замон додаанд.

Ёдовар мешавем, ки 5-уми июн бархе аз кишварҳои арабӣ чун АМА, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Миср, Яман, Либӣ, Молдив ва Маврикий эълон доштанд, ки равобити диплумотиро бо Қатар қатъ мекунанд.

Ин кишварҳо Қатарро муттаҳам ба пуштибонӣ аз теруризм, ифротгароӣ ва дахолат дар умури кишварҳои арабӣ карданд. Чанде аз ин кишварҳо эълон карда буданд, ки шаҳрвандони Қаторо аз марзашон берун хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0