ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Наврасе дар ноҳияи Темурмалик ҳангоми хушконидани мӯйсар ҷонашро бохтааст.
Бино ба иттилоъи Вазорати умури дохилаи ҶТ, 22 июн як навраси 13-сола аз деҳаи Сафарбоёни ноҳияи Темурмалик хоста мӯйсарашро бо бодбизани барқӣ бихушконад, ки аз беэҳтиётӣ болҳои бодбизан бар сараш бар хӯрдаанд.
Дар натиҷа ин донишомӯзи синфи шашум ҷароҳати ҷонкоҳ бардошта, дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтааст.