ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Сокинони Тоҷикистон ин ҳафта чор рӯз пайи ҳам истироҳат хоҳанд кард. Рӯзи душанбе — Иди Рамазон аст.
Рӯзи сешанбе, 27-уми июн — Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад. Ин ду рӯз дар кишвар рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст.
Пеш аз идҳо рӯзи шанбе ва якшанбе аст, ки маъмулан дар кишвар рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ҳамин ҳисоб, сокинон чор рӯз пайи ҳам истироҳат хоҳанд кард.