ЮНЕСКО: забонҳои яғнобӣ ва помирӣ рӯ ба нобудӣ ниҳодаанд

© Sputnik / Р. Нетелев / Гузариш ба медиабонкНародный поэт Таджикистана, лауреат Государственной премии СССР Мумин Каноат с дочерью Ширин.
Народный поэт Таджикистана, лауреат Государственной премии СССР Мумин Каноат с дочерью Ширин. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносони ЮНЕСКО забонҳои яғнобӣ ва помириро ба феҳристи забонҳои мирандаи ҷаҳон дохил кардаанд

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. ЮНЕСКО феҳристи тозаи забонҳои мирандаи ҷаҳонро нашр кардааст. Бино бар ин феҳрист, наздик ба сеяки забонҳои ҷаҳон дар ҳоли нест шудан қарор доранд. Бархе аз забонҳое, ки дар Тоҷикистон гӯишвар доранд, низ дар ин феҳрист оварда шудаанд.

Коршиносон забони паря ва гурӯҳе аз забонҳои помирӣ — язгуломӣ, рошорвӣ, бартангӣ ва ишкошимиро дар ҳоли нест шудан нишон додаанд.

Назир Аббас - Sputnik Тоҷикистон
Барои Ватан: чӣ гуна Ҳусния дар Амрико забонҳои помириро ҳифз мекунад

Бар асоси ин гузориш, забони арабҳои Осиёи Марказӣ ва забонҳои яғнобӣ, рӯшонӣ ва вахонӣ рӯ ба нобудӣ ниҳодаанд ва забони шуғнонӣ дар вазъи нигаронкунанда қарор дорад.

Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки дар ояндаи наздик 2500 забон аз 6900 забони ҷаҳон нобуд хоҳанд шуд.

Пажӯҳишгарони ЮНЕСКО дар рафти таҳлил корбурди забонҳоро аз рӯи нӯҳ нишондод муайян кардаанд. Дар баробари ин коршиносон амалҳои нигаҳдорандаи забонро низ гуфтаанд, ки ин шумораи гӯишварон, интиқоли забон аз насл ба насл, дастрасӣ ба маводи хониш ва муносибати ҷомеа ба забонҳо мебошад.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0