ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Деҳаи Пшихарв — яке аз рустоҳои ноҳияи Ванҷ дар бунбаст мондааст. Ба гуфти бошандагони ин деҳа, ягона пулеро, ки онро бо дигар ободиҳо мепайваст, сел вайрон карда аст. Агар пештар мардум аз ин пул пиёда мегузашт, акнун пиёдагардӣ ҳам дигар намешавад.
Пшихарвиён на имкони савора ба ҷое сафар кардан доранду на роҳе барои пиёда рафтан.
"Маҷбурем ҳамагуна хӯроквориро аз 20 килуметр роҳ пуштора биёрем. Пул дигар тавони бардошти пиёдагаронро ҳам надорад", — гуфт яке бошандагони деҳаи Пшихарв.
"Агар ҳаддақалл маҳсулоти сохтмониро бароямон медоданд, мо бо дасту бозӯи худ бо ёрии ҳамдеҳагонамон ин пулро бозсозӣ мекардем. Ахир замони қадим нест, шукри Худо асри 21 аст", — гила мекунад яке дигар аз пшихарвиён.
Дар ин деҳа каму беш 50 то 60 хонавода зиндагӣ ба сар мебараду шумораи умумии аҳолияш 500 то 600 кас аст.
"Хонаи санг — калапо"
Муовини раиси ноҳияи Ванҷ Одинашоҳ Мардов бар ин бовар аст, ки мардуми Ванҷ беҳуда намегӯяд, ки "хонаи санг — калапо". Сангрезиш дар паи борону барфу тармаву сели обхезӣ ҳамеша ҷону моли мардумро дар хатар меандохтааст.
Вай дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт ки раҳбарони ноҳия ва вилоят аз вайрон шудани пул ва аҳволи мардум хуб огоҳанд ва чорае ҳам барои ҳалли мушкилашон ҷуставу ёфтаанд.
"Ду рӯз пеш коргурӯҳе аз намояндагони ҳукуматҳои ноҳияи Ванҷ ва ВМКБ, намояндаи созмони мардумниҳоди "Global Partners" ҷаноби Ҷон ва наҷотдиҳандагону намояндагони вазорати нақлиёт аз ҷои ҳодиса боздид кард", — гуфт муовини раиси ноҳия.
Пулро мистер Ҷон хоҳад сохт
"Дар воқеъ пули деҳаи Пшихарвро дигар намешавад истифода кард. Савора аз он аслан намешавад гузашт. Пиёда ҳам бо тарсу хатар мегузарад. Мо бо масъулин маблағи зарурӣ барои бозсозии пулро ҳисоб кардему намояндаи созмони "Global Partners" ҷаноби Ҷон сармоягузории онро бар дӯши худ гирифт", — гуфт киё Одинашоҳ Мардов.
Имсол мардуми кӯҳистон зимистону баҳори пурхатареро аз сар гузаронд. Аз ҷумла дар роҳи миёни Ванҷу Рӯшон 37 тарма рехта, ки баландияшон аз 3 то 4 метр буд. Аз ингуна тармаҳо дар ноҳияи Ванҷ чаҳор хона пурра хароб шуд.
"Ҷаноби Ҷон ваъда дод, ки тамоми маҳсулоти сохтмониро барои манзилҳои харобшуда фароҳам хоҳад кард", — иттилоъ дод ҳамсуҳбатамон.
Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ҶТ дар ин бора гуфт, ки коршиносон аз он пул боздид карда ва кӯшиш доранд ҳар чӣ зудтар онро навсозӣ ва ё бозсозӣ кунанд.
"Макони сохтмони пул бояд хуб омӯхта шавад. Ин ҷое, ки пул қарор дорад маълум нест, соҳилбандӣ шудааст ё не. Агар дар ҷои нав ҳам пул сохта шавад, бояд аввал ҷое муносиб ва бехатар интихоб шавад", — гуфт Умеда Юсупова ва афзуд, ки ҳукумати ноҳияи Ванҷ бояд худ аз уҳдаи бозсозӣ ё таъмири ин пул барояд.