ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Тавре хабаргузории СМ-1 хабар медиҳад, Зафар Ашрапов, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Спитамен дар пайи бархӯрди нақлиёт ба дарахт ҷон бохт.
Тибқи иттилои манбаъ, ин садама нисфирӯзии 16 июн дар роҳи ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми бозгашти Ашрапов ба Хуҷанд рух додааст. Аз дафтари матбуоти Бозраси давлатии автомобилии вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки Зафар Ашрапови 35 сола "аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба дарахти канори роҳ бархӯрд ва баъди садама бо бардошти ҷароҳати ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид." Ҳангоми бархурдӣ нақлиёти тамғаи "Мерседес-Бенс" ба дарахт дар дохилаш боз як нафар мусофир қарор доштааст.