ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, рӯзи 27-уми июн дар шаҳри Ваҳдат тӯли 14 соат роҳҳои шаҳр баста мешаванд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҷашн бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор мешавад ва бинобарин ҷиҳати таъмини амнияти меҳмонон ва иштирокчиёни ҷашнвора аз соати 07:00 то соати 21:00 дар шаҳри Ваҳдат ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад.
Ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд дар ин рӯз аз роҳҳои таворавии (объездный дороги) ва иловагии зерин истифода баранд:
Аз самти минтақаи Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе:
— Данғара — Қӯрғонтеппа — Душанбе;
— ағбаи Чормағзак — Ёвон — Душанбе;
— деҳаҳои Бостон (Эскигузар) — Абдулообод — Карим Исмоил — Мулло Давлат (Телман)-и ш.Ваҳдат — х.Ленингради н.Рудакӣ — Душанбе;
Аз самти водии Рашт ба самти шаҳри Душанбе:
— деҳаҳои Меҳробод (Қарабулоқ)-и н.Файзобод — Бостон (Эскигузар) — Абдулообод — Карим Исмоил — Мулло Давлат (Телман)-и ш.Ваҳдат — х.Ленингради н.Рӯдакӣ — шаҳри Душанбе;
Аз самти шаҳри Душанбе — ба самти минтақаи Кӯлоб ва водии Рашт:
— х.Ленингради н.Рӯдакӣ — деҳаҳои Мулло Давлат (Телман) — Карим Исмоил — Абдуллообод — Бостон (Гургхӯрда)-и Ваҳдат;
— маҳаллаи Обшорон — заводи шифери километри 9-ум — деҳаҳои Мулло Давлат (Телман) — Карим Исмоил — Абдуллообод — Бостон (Гургхӯрда)-и шаҳри Ваҳдат.