ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ниме аз шаҳрвандони Фаронса, бештари олмониҳо, итолиёиҳо ва бритониёиҳо бар ин боваранд, ки дар ояндаи наздик як ё якчанд кишвари дигар ҳам аз Иттиҳоди Урупо хориҷ хоҳад шуд.
Ин натиҷаро назарсанҷии Ширкати иҷтимоии Ifop дар тарҳи Sputnik.Мнения нишон додааст.
24 июн аз баргузории ҳамапурсии сарнавиштсоз дар Бритониё барои хуруҷ аз Иттиҳоди Урупо ё Brexit як сол пур мешавад. Имрӯзҳо музокирот миёни Подшоҳии Муттаҳида ва Брюссел давом дорашд. Бритониё бояд Иттиҳодро дар соли 2019 тарк кунад.
Аммо урупоиён бар инанд, ки бо хуруҷи Бритониё раванди фурӯ пошидани Иттиҳоди Урупо тоза оғоз мешавад.
Бино ба додаҳои назарсанҷии Sputnik.Мнения, камобеш ниме аз фаронсавиҳо (49%), бештари олмониҳо (52%) ва итолиёиҳо ва дусевуми бритониёиҳо бар ин боваранд, ки дар наздиктарин оянда як ё якчанд кишвари дигар ҳам аз Иттиҳоди Урупо хориҷ хоҳанд шуд.
Аз миёни касоне, ки дар ин назарсанҷӣ ширкат кардаанд, 55 дарсад аз бритониҳо, 50 дарсад аз итолиёиҳо, 42 дарсад аз фаронсавиҳову 39 дарсад аз олмониҳо бар инанд, ки шумори кишварҳое ки Иттиҳодро тарк хоҳанд кард, бештар хоҳад шуд. Аммо 33 дарсад аз фаронсавиҳо, 32 дарсад аз итолиёиҳо ва 39 дарсад аз бритониёиҳо воруна бар ин бовар доранд.
Бояд гуфт, ки бадбинони ояндаи Иттиҳодияи Урупо аксаран аз насли ҷавон ҳастанд, вале насли калонсол ба ояндаи ин иттиҳодия хушбин аст.