ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Тавре аз Маркази исломии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, имрӯз дар Маҷлиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи дақиқи Иди Фитр муайян ва эълон гардид.
Иди Фитр дар Тоҷикистон санаи 26-уми июн ҷашн гирифта мешавад ва намози ид соати 06:00 субҳ дар тамоми манотиқи кишвар хонда мешавад.
Дар сӯҳбат бо сомона раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҷаноби Саидмукаррам Абдулқодирзода тайъид кард, дар ҳақитат дар маҷлиси имрӯза Иди саиди Фитр ба 26-уми июн, рӯзи душанбе муайян шудааст.
Бино бар иттилои манбаъ, Шӯрои уламои кишвар пеш аз ҳама хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба назар гирифта, рӯзи идро эълон кардааст.
"Яке аз далоили дигар, минтақаи кӯҳӣ будани Тоҷикистон аст, ки дар рӯзи аввал моҳро ба чашм дидан ғайриимкон аст ва мувофиқи фиқҳи исломӣ ва ҳанафӣ бояд дар ин ҳолат моҳи Рамазонро пурра карда, 30 рӯз рӯза гирифт. Аз ҳамин нуқтаи назар рӯзи душанбе, рӯзи аввали моҳи Шаввол ва рӯзи Иди фитр дар Тоҷикистон эълон шуд",- афзуд раиси Шӯрои уламо.
Ба гуфтаи ҷоноби Абдулқодирзода, ғайр аз Тоҷикистон давлатҳое, ки дар минотиқи кӯҳӣ ҷойгир шудаанд, онҳо низ Иди Рамазонро 26-уми июн ҷашн хоҳанд гирифт. Аммо кишварҳое, ки ҳамвор ҳастанд, онҳо рӯзи идро пешакӣ эълон намекунанд ва то рӯзи 29-уми Рамазон интизор мешаванд, агар бегоҳ моҳи навро диданд, пагоҳро рӯзи ид эълон мекунанд, агар не як рӯзи дигар рӯза гирифта, пас аз он ид мекунанд.
Аз ҳамин сабаб, ҳарчанд Иди Рамазонро дар давлатҳои гуногуни мусалмонӣ як рӯз пештар ва ё як рӯз дертар ҷашн гиранд ҳам, он мувофиқи илми фиқҳи исломӣ буда, иштибоҳе нест.
Тавре ҷаноби Саидмукаррам Абдулқодирзода афзуд, идгардакро дар Тоҷикистон манъ нашудааст ва он бояд тартибу нозоми худро дошта бошад.
Дар Тоҷикистон Иди Фитр- иди расмӣ аст ва рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст.