Гурӯҳи “Авесто” ва “Навои Дарвоз” имрӯз дар "Маскав" суруд мехонанд

© Фото : Аз саҳифаи гурӯҳи "Авесто" дар фейсбукТаҳмина Рамазонова гурӯҳи Авесто
Таҳмина Рамазонова гурӯҳи Авесто - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар майдони 800-солагии Маскави шаҳри Душанбе барномаи ҳунарӣ баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати фарҳанги ҶТ, имрӯз дар боғи 800-солагии Маскав ҷашни "Мусиқӣ-2017" баргузор мешавад.

"Барномаи ҳунарӣ 21 июн соати 18:30 дар майдони 800-солагии Маскав оғоз мешавад", — омадааст дар хабарнома.

Дар барномаи ҳунарӣ гурӯҳҳои ҳунарии Тоҷикистон аз қабили "Садои пойтахт", "Ножан", "Авесто", "Навои Дарвоз", "Бародарон" ҳунари сарояндагии худро ба тамошобинон пешкаш хоҳанд кард.

Ҳамчунин қарор аст, ки дар ҷашни "Мусиқӣ-2017" гурӯҳи овозхони шинохта Иззат Шарифӣ ҳунарнамоӣ кунад.

Ин консерт бо ибтикори маркази фарҳангии "Бохтар" ва сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ташкил шудааст.

Лентаи хабарҳо
0