ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Чанде пеш дар шаҳри Санкт-Петербург Дувумин ҳамоиши ҷаҳонии пажӯҳишҳои иқтисоди татбиқӣ (Second World Congress of Comparative Economics) баргузор шуд, ки яке аз пажӯҳишгарони тоҷик — донишёри Донишгоҳи Тоҳоку Коеки дар Ҷопон дуктури улуми иқтисодӣ Мирзосаид Султонов дар он ширкат дошт. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ҳошияи ин ҳамоиш бо устод Султонов мусоҳибае кӯтоҳ дошт, ки пешкашатон мекунем.
Sputnik: Мавзуъи суханронии Шумо чи буд?
Ман дар бахши иқтисоди калон натиҷаи яке аз пажӯҳишҳоямро гузориш додам, ки мавзуъяш "Гузариш, муҳоҷират, интиқоли пул ва вокуниш ба ангезаҳои берунӣ: шавоҳиде аз Тоҷикистону Қирғизистон" (Transition, migration, remittances and responses to external shocks: Evidence from Tajikistan and Kyrgyz Republic) буд.
Ин пажӯҳиш нишон медиҳад, ки дар кишварҳои пасошуравӣ, ки захоири кофии энержӣ надоранд, рушди иқтисод дар марҳалаи гузор ба муҳоҷират ва интиқоли пул вобастагии қобили таваҷҷуҳ дорад; даромади сарона дар Тоҷикистон ва Қирғизистон нисбатан камтар аст ва яке аз ангезаҳои иқтисодии муҳоҷирати корӣ ҳамин аст; дар даҳ соли ахир интиқоли пул аз хориҷ бахши чашмгире аз маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ дар ин кишварҳо буда ва яке аз омилҳои таъсиргузор дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар гаштааст; интиқоли пул ба афзоре барои интиқоли таъсири буҳронҳои иқтисодиву молӣ ба иқтисоди ҳар ду кишвар табдил ёфтааст; ҳамчунин интиқоли пул нишондиҳандаҳои муҳими иқтисодии ҳар ду кишварро ба нишондиҳандаҳои иқтисодии Русия вобаста кардааст.
Sputnik: Муҳоҷират чи суду зиёне ба иқтисоди Тоҷикистон мерасонад?
Муҳоҷират ва интиқоли пул мизони бекориро дар Тоҷикистон коҳиш медиҳад ва арзи хориҷиро ба иқтисоди кишвар ворид мекунад. Ин раванд масрафро дар дохил афзоиш медиҳад, воридотро бештар мекунад ва то ҷое вазъи иқтисодро дар кӯтоҳмуддат беҳбуд мебахшад. Аммо вобастагии бисёр ба муҳоҷират ва интиқоли пул, мисли Тоҷикистон ва Қирғизистон, вобастагии иқтисодиро ба кишвари муҳоҷирпазир — Русия, бештар мекунад. Дар натиҷа рушди аксари риштаҳои иқтисод бо муҳоҷират ва интиқоли пул пайванд хӯрда, камтарин тағйирот дар сиёсати муҳоҷиратпазирӣ дар Русия ва ё камтарин тағйирот дар нишондиҳандаҳои иқтисоди Русия бар вазъи иқтисоди Тоҷикистону Қирғизистон низ таъсир мегузоранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки интиқоли пул ба шароити куллии моливу иқтисодӣ ва даромади саронаву арзиши рубл дар Русия вобастагии назаррас дорад. Интиқоли пул дар навбати худ ба даромади сарона, мизони нархҳо ва арзиши пули миллӣ таъсиргузор аст.
Sputnik: Буҳрони Русия ба Тоҷикистон чи гуна асар кардааст?
Буҳрони иқтисодиву молие, ки дар Русия авоили соли 2014 сар зад, боиси кам шудани интиқоли пул ва коҳишу ноустувории арзиши пули миллӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон шудааст. Чун вобастагии иқтисодии ҳар ду кишвар ба интиқоли пул бисёр аст, ин вобастагӣ боиси густариши таъсири буҳрони Русия ба аксари бахшҳои иқтисоди ҳар ду кишвар гаштааст.
Sputnik: Оё Тоҷикистон роҳе чуз пайвастан ба тарҳҳои иқтисодии Русия дорад ё на? Чин дар Тоҷикистон чи меҷӯяд?
Сиёсати иқтисодӣ ва аҳамияти иқтисодии Русия ва Чин барои Тоҷикистон ба сиёсату аҳамияти иқтисодии ин ду кишвар ба кишварҳои ҳамсоя яксон аст. Ман ба густариши равобити иқтисодии Тоҷикистон бо Русия ва Чин хушбин ҳастам. Аксари кишварҳои Осиё, ки бо Чин аз ҷиҳати ҷуғрофиёӣ наздик ҳастанд, тавонистаанд ҳам воридот ва ҳам содирот бо Чинро афзоиш диҳанд. Сохтору сатҳи иқтисод дар Чину Русия бо сохтору сатҳи иқтисоди Тоҷикистон бисёр тафовут доранд ва то кунун бисёре аз имконоти густариши ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ бо ин кишварҳо истифода нашуданд. Барои самараноктар истифода бурдан аз ин имконот бояд барномаҳову сиёсатҳои фарогире барои беҳбуди шароити фаъолияти иқтисодӣ дар дохили кишвар рохандозӣ карда шаванд.
Sputnik: Оё густариши ҳамкориҳо Тоҷикистонро ба Узбакистон вобаста намекунад?
Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ на танҳо Тоҷикистонро ба Узбакистон, балки Узбакистонро ҳам ба Тоҷикистон вобаста мекунад. Вобастагии иқтисодие, ки дар натиҷаи рушди тиҷорат, сармоягузорӣ, хидматрасонӣ, таробарӣ ва дигар риштаҳо миёни ду кишвари ҳамсоя ба вуҷуд меояд, метавонад аз омилҳои асосии сулҳу субот ва пешрафти иқтисодӣ дар ҳар ду кишвар бошад.
Мирзосаид Султонов cоли 2001 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистонро дар риштаи "иқтисоди ҷаҳон" бо тахассуси "иқтисоди байналмилалӣ ва донандаи забони инглисӣ" хатм кардааст. Солҳои 2001 — 2008 корманди илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Фарҳангистони улуми Тоҷикистон буд. Соли 2008 пажӯҳишҳояшро дар бахши иқтисоди Донишгоҳи Кобе дар Ҷопон идома додааст. Соли 2009 ба давраи дуктурӣ дар бахши иқтисоди Донишгоҳи Кобе дохил шуда, моҳи феврали соли 2013 унвони дуктурии худро бо муваффаққият ҳимоят намудааст. Солҳои 2013 — 2015 устоди Донишгоҳи Кобе ва Донишгоҳи Осака Гакуин буд. Аз апрели соли 2015 то кунун донишёри Донишгоҳи Тоҳоку Коеки Ҷопон аст.