ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Ҷавонпаҳлавон Комроншоҳ Устопириён имрӯз дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон таъйид кард, ки дирӯз нахустфарзандаш дида ба ҷаҳон кушудааст.
"Писарамро ба ёди бобокалонамон Муҳаммад номидам, ки куштигириву паҳлавонӣ дар хонаводаи мо аз ӯ мерос мондааст. Фарзандонаш аз паси вай ин варзишро ихтиёр кардаанд", — гуфт Комроншоҳ.
"Мо ба ин нияти нек, ки фарзанди навзодам чун падару бобоям паҳлавон шавад, ӯро Муҳаммад номидем", — афзуд вай.
Варзишкор орзу дорад, ки писараш низ худаш барин варзишкориро пеша кунад.
Комроншоҳ мегӯяд чунон ҳаяҷонзадаву шод аст, ки қадду вазни навзодро то кунун напурсидааст.
"Аммо мехоҳам бар ин нукта таъкид кунам, ки аз паҳлавон паҳлавон мерӯяд", — гуфт бо ханда Комроншоҳ Устопириён.
Ин рухдоди хуҷастаро ба Комроншоҳ сидқан табрик мегӯем ва орзумандем, ки Муҳаммад Устопириён низ чун падару бобову ниёконаш паҳлавону номбардори хонаводаву миллату кишвар шавад.