Узбакистон пеши роҳи чандҳамсариро бо муҷозоти муллоҳо гирифтанист

© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкСвадебные кольца на автомобиле
Свадебные кольца на автомобиле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Узбакистон муллоҳоеро, ки мардеро бо ду ё чанд зан ақд мекунанд, муҷозот хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ин нуктаро раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар мулоқот бо руҳониёни Узбакистон гуфтааст.

Ба иттилоъи Sputnik Узбакистон, раисҷумҳур Мирзиёев гуфтааст, ахиран дар Узбакистон расм шуда, ки бархе аз мардҳо дувум ҳамсар бигиранд ва ин чандҳамсарияшонро бо маросими ақди никоҳ машруъият бидиҳанд.

"Вақтҳои охир чандҳамсарӣ бо роҳи бастани ақди никоҳи мусулмонӣ бисёр шудааст. Бештар аз ҳама ин падида дар Тошканд ба мушоҳида мерасад. Ояндаи кӯдаконе, ки занони дувум ғайриқонунӣ ба дунё меоранд, чӣ мешавад? Имомҳои муҳтарам, мушкилоти ин кӯдакон доғи виҷдони мо хоҳад шуд",- гуфтааст Шавкат Мирзиёев.

Барои пешгирӣ аз ин падида дар Узбакистон қонуне таҳия хоҳад шуд, ки барои руҳониёне, ки бе гувоҳиномаи давлатӣ шаҳрвандонро ақд мекунанд, муҷозот пешбинӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0