Таҳсили ройгон дар Русия: озмун барои довталабон

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкСтуденты, архивное фото
Студенты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Маркази барномаҳои байналмилалӣ” барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Марий Эл озмун эълон мекунад

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Озмун 26 июн соати 9:00 дар ошёнаи дувуми дафтари Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ" баргузор мегардад.

Ин озмун барои таҳсили соли хониши 2017 — 2018 эълом шудааст. Масъули озмун дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки озмун ҳам барои дарёфти бурсияҳои таҳсили ройгон ва ҳам қарордодӣ пешбинӣ шудаааст.

"Бурсияҳои ройгон барои таҳсил дар бахши  бакалавр ва магистратура ҷудо шудаанд", — гуфт мусоҳиб.

Шумораи бурсияҳои ройгон маҳдуд ва куллан 10 то аст.

Хоҳишмандон бояд санадҳои худро то соати 12:00 рӯзи 24 июн ба "Маркази барномаҳои байналмилалӣ" супоранд.

Барои маълумоти бештар бояд ба "Маркази барномаҳои байналмилалӣ" дар шаҳри  Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 муроҷиат кард ё бо шумораҳои 223-23-57; 221-18-83 тамос бояд гирифт.

Лентаи хабарҳо
0