ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи оҷонсии хабарии Маскав ҷасади директори меҳмонхонаи назди ҳукумати Тоҷикистон, дар боми меҳмонкада ёфт шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин росто муовини директори меҳмонхона ба мақомоти интизомии Русия муроҷиат кардааст.
"Ӯ гуфтааст, ки ҷасади директори меҳмонхона, Баҳроми 40-сола дар боми ошёнаи ҳаштум дарёфт шудааст", — хабар медиҳад манбаъ.
Ҷасади дарёфтшуда барои таҳлил ва ошкор кардани сабабҳои аслии марг ба морг равон карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бародари марҳум Диловар Муҳиддинов, ки чанд соли ахир дар Русия ба соҳибкорӣ машғул аст, соли 2012 дар ноҳияи Фархор мактаби муосири се ошёнӣ бунёд кард.