ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати корҳои хориҷаи ҶТ, сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ва муовини вазири хориҷаи Чин Лю Ҷэнмин Қарордоди бозпас додани шаҳрвадони маҳкумро тасвиб карданд.
Тибқи маълумоти манбаъ, ин қарордод 30 рӯз пас аз табодули тасвибномаҳо, яъне 19 июли соли 2017 дорои эътибори қонунӣ хоҳад шуд.
Парвиз Давлатзода ва Лю Ҷэнмин бо имзо кардани ин тасвибнома Тавофуқномаи Тоҷикистону Чин барои бозпас додани базаҳкоронро ба марҳилаи иҷро расонданд.
Ин Тавофуқнома 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе имзо шуда буд.