Шаҳрдории Душанбе: арзи сокинон ба Рустам Эмомалӣ расонида шуд ва ба наздики ҳалли худро меёбад

Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе ба муроҷиати шаҳрвандон оиди муносибати бераҳмона нисбати ҳайвонот ҷавоб гардонид

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Бино бар гузориши вебгоҳи Сhange.org шаҳрдории Душанбе ба муроҷиати сокинони шаҳр оиди муносибати ғайриинсонона нисбати ҳайвонот, аз ҷумла сагони бехона ҷавоб гардонидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, раиси шаҳри Душанбе аз ин муроҷиати шаҳрвандон огаҳ шуда, ба мақомотҳои лозима супориш додааст, ки дар муддати кӯтоҳ ин масъаларо дида бароянд.

"Шаҳрвандони гиромӣ! Ба таваҷҷӯҳи шумо мерасонем, ки шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ бо муроҷиати шумо дар бораи ""Ҳифзи ҳайвоноти бехона" ошно гардид. Аз ин рӯ раиси шаҳр мақомотҳои дахлдор, аз ҷумла хадамотҳои коммуналиро вазифадор кард, ки дар муддати кӯтоҳ роҳҳои ҳалли масъалаи мазкурро дида бароянд",- омадааст дар гузориш.

Илова бар ин, Ҳукумати шаҳр аз сокинон барои ташаббусашон миннатдор гаштааст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз як гурӯҳ сокинони фаъоли шаҳри Душанбе ба шаҳрдори пойтахт Рустам Эмомалӣ дар бастагӣ бо нобуд кардани сагҳои кӯчагард муроҷиат карда, дархост намуда буданд, ки ба ин амали ғайриинсонӣ хотима бахшида шавад. Ҳамчунин дар мактуб қайд карда шуда буд, ки "сагпарронӣ" аз ҷониби хадамотҳои коммуналӣ шабҳангом сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0