Нахустин қатори мусофирбари Душанбе - Остона ба пойхати Қазоқистон расид

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкПоезд "Москва-Душанбе". Архивное фото
Поезд Москва-Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қатори Душанбе - Остона - Душанбе танҳо дар замони баргузори намоишгоҳи байналмилалии "ЭКСПО - 2017" мусофирбарӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Нахустин қатор мусофиронро аз пойтахти Тоҷикистон ба пойтахти Қазоқистон расонд.

Бино ба гузориши расонаҳои тоҷикӣ ва қазоқӣ, ин қатор 15 июн аз Душанбе равон шуда ва пас аз чаҳор шабонарӯз 19 июн ба Остона расида аст.

Ин қатор миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Қазоқистон се моҳ — аз 10-уми июн то 10-уми сентябр — ҳафтае як бор рафту омад хоҳад кард.

"Қатор рӯзҳои панҷшанбе аз шаҳри Душанбе равон шуда ва рӯзҳои душанбе аз шаҳри Остона бар мегардад. Арзиши билет ба як сӯ ба замони харидории он вобаста аст. Агар, масалан, мусофир билетро як моҳ пеш аз ҳаракат бихарад, нархаш 927 сомонӣ хоҳад буд. Агар билет 20 рӯз ё 10 рӯз пеш аз ҳаракат харида шавад, нархаш каме гаронтар мешавад", — гуфтаанд расонаҳо.

Қатори Душанбе — Остона — Душанбе танҳо дар замони баргузори намоишгоҳи байналмилалии "ЭКСПО — 2017" мусофирбарӣ хоҳад кард. Вале агар мусофир дар ин масир бештар шавад, рафту омадаш пайдарпай хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0