ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Бонки миллии Тоҷикистон, муовини аввали раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев намояндагони ширкати Moody's Investors Serviceро дар сафар ба Роғун ҳамроҳӣ кард.
Ҷаноби Матю Киркоста, коршиноси ширкати "Oppenheimer" хонум Натали Маршик ва мушовири БМТ Аксел Сауер бо раванди сохтусози нерӯгоҳи "Роғун" шинос шуданд.
Ҷамолиддин Нуралиев ба меҳмонон дар бораи манфиати нерӯгоҳ ба Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсоя аз Осиёи Ҷанубӣ нақл кард.
Меҳмононро мудири кулли нерӯгоҳи "Роғун" Хайрулло Сафарзода пешвоз гирифт. Муовинаш ба намояндагони Moody's Investors Service ва ширкати "Oppenheimer" дар бораи таърихи бунёди нерӯгоҳ, татбиқи лоиҳа ва нақшаҳои минбаъдаиттилоъ дод.
Сармоягузорон бо мутахассисони нерӯгоҳи "Роғун" мулоқот карданд.
Ҷаноби Матю Киркоста, хонум Натали Маршик ва ҷаноби Аксел Сауер аз натиҷаи корҳои сохтусоз таассуроти баланд бардоштанд.
Коршиноси ширкати "Oppenheimer" хонум Натали Маршик зикр намуд, ки имкони аз наздик шинос шудан бо сохтусози "Роғун" барояш муҳим буд.
"Раванди кор дар ин ҷо аз он шаҳодат медиҳад, ки корҳои зиёде анҷом дода шудааст ва таассуроти мо барои ҳамкориҳои минбаъда имкон фароҳам хоҳад овард".
Қаблан вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар бораи сохтусози Роғун дар Брюссел гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша манфиати кишварҳои ҳамсояро ба назар мегирад ва оби Тоҷикистон ба ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мерасад.