ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Ҳайъате баландпоя аз давлати Узбакистон фардо, 20 июн ба пойтахти Тоҷикистон сафар хоҳад кард.
Бино ба иттилоъи дафтари расонаии Вазорати умури хориҷаи Узбакистон, ин ҳайъат раҳбарону намояндаҳои 17 вазорату созмони давлатӣ ва 28 намоянда аз бахши хусусиро дар бар мегирад ва раёсати онро муовини нахуствазири он кишвар Улуғбек Розуқулов ба уҳда дорад.
Чуноне ки дар сафорати Узбакистон дар Душанбе ба хабаргузории Sputnik гуфтанд, "ҳадаф аз сафари ин ҳайъат фаъолсозии равобити ду кишвар дар заминаҳои тиҷориву иқтисодӣ ва пайгирии раванди иҷрои тавофуқотест, ки дар охирин нишасти Комисюни ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар моҳи декабри 2016 ҳосил шудаанд".
Интизор меравад, ки Улуғбек Розуқулов ва Давлаталӣ Саид авзоъи феълӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард.
Сафорати Узбакистон ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки дар паи баргузории охирин нишасти Кумисюни ҳамкорӣ ва нахустин намоишгоҳи санъативу тиҷории Узбакистон дар Душанбе 56 ширкати узбакӣ фаъолияташонро дар Тоҷикистон роҳ андохта ва чандин ширкат низ машғул ба фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, корафзорҳои барқӣ, утубусҳо, худравҳо ва пӯшок ҳастанд.
Дар чорчӯби сафари ин ҳайъат 21 июн дар Душанбе нишасти корофаринону коркушоёни ду кишвар баргузор хоҳад шуд, ки қарор аст беш аз 300 кас дар он ширкат кунад.