ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Нерӯҳои интизомӣ дар Маскав гурӯҳе созмонёфта аз 22 табаҳкорро дастгир карданд, ки бо роҳандозии "бунгоҳи муҳоҷират" дар Интернет, муҳоҷиронро фиреб медодаанд.
Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати умури дохилаи Русия, кормандони нерӯҳои интизомиву амниятии шаҳри Маскав гурӯҳе аз табаҳкоронро дастгир кардаанд, ки худро кормандони бунгоҳи муҳоҷиратӣ хонда аз муҳоҷирон пул мегирифтаанд.
Пулис гуфта, ки ин гурӯҳ аз 22 табаҳкор ташкил шуда ва бо вебгоҳе дар Интернет муҳоҷиронро ба дом андохта барояшон санадҳое чун баргаи сабти иқомати муваққат, огаҳии расиди шаҳрванди хориҷӣ ва дигар асноди расмиро месохтаву мефурӯхтаанд.
Кормандони пулис ҳангоми бозҷӯӣ аз "бунгоҳи" ин гурӯҳ чанд роёна, мӯҳрҳои гуногун ва сарбаргҳои дурӯғини аснод боз ёфтаву ситондаанд.
Додситонии Маскав барои бозрасии ин қазия аз рӯи моддаи "Тақаллубкорӣ" парванда боз карда, ки барои чунин табаҳкорӣ то 10 сол зиндонро муқаррар мекунад.