Панҷ наврас дар Суғд ва як духтарча дар ВМКБ аз ғарқшавӣ наҷот ёфт

© Sputnik / Игорь Михалев / Гузариш ба медиабонкРека Вахш, архивное фото
Река Вахш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Созмони наҷотдиҳӣ панҷ наврасро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва як духтарчаи 14 - соларо дар шаҳри Хоруғ аз ғарқшавӣ наҷот доданд

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Созмони наҷотдиҳии Тоҷикистон дар давоми як шабонарӯз дар кишвар шаш наврас ҳангоми оббозӣ аз ғарқшавӣ наҷот ёфтанд.

Панҷ нафар наврасон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, қоидаҳои оббозиро дағалона нақз карда, қариб буд дар "Баҳри тоҷик" ғарқ шаванд.

Река Сырдарья в районе города Ленинабада - Sputnik Тоҷикистон
Гар шиновар нестӣ..: Донишҷӯ ва мавҷсаворон аз ғарқ шудан наҷот ёфтанд

Ин бачаҳо шинокунон аз соҳил дур рафта, касбияти баланди наҷотбахшон онҳоро аз марг наҷот дод.

Ҳодисаи ба ҳамин монанд дар шаҳри Хоруғи ВМКБ рух додааст.

Дар паи риоя накардани қоидаҳои оббозӣ духтари 14-солаи маҳаллӣ қариб буд дар об ғарқ шавад.

Вай ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи фарҳангиву дилхӯшии шаҳр, бо истифода аз баллони худсохт дуртар аз соҳил рафт. Пас аз чанде баллон чаппагардон шуду духтарча дар об ғарқ шуд.

Бо талоши наҷотдиҳандагон ин духтар аз об берун оварда шуд ва ба ӯ кӯмаки тиббӣ расонида шуд.

Созмони наҷотдиҳии Тоҷикистон аз волидон даъват мекунад, ки дар рӯзҳои гарми офтобӣ фарзандони худро зери назорат гирифта, онҳоро дар назди кӯлҳои шиноварӣ танҳо нагузоранд.

Лентаи хабарҳо
0