Милисаҳои афғон аз дасти толибон ҳалок шуданд

© REUTERSВоенные в Афганистане
Военные в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бомдоди имрӯз як ҷангӣ дар назди истгоҳи худравҳои бунгоҳи милитсия худро тарконда ва се теруристи дигар ба бунгоҳ ҳамла карданд

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дар паи ҳамлаи толибон дар Афғонистон чанд кас ҷон бохта даҳҳо тани дигр ҷароҳат бардошт.

Хабаргузории РИА Новости аз қавли намояндаи вазорати умури хориҷаи Афғонистон Наҷиб Дониш хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамла ду корманди милитсия ҳалок шуда, ду каси дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Бино ба додаҳои пизишкон дар натиҷаи ҳамлаи теруристон ба бунгоҳи милитсия панҷ нафар ҳалок шуда, беш аз 30 кас захм бардоштааст, ки аз ин шумул 20 тан шаҳрвадони осоишта мебошанд.

Бомдоди имрӯз як ҷангӣ  худро дар назди истгоҳи худравҳои бунгоҳи милитсия тарконда ва се теруристи дигар ба бунгоҳ ҳамла карданд. Дар паи задухурд бо мақомоти интизомӣ се ҷангӣ нобуд карда шуда, якеаш то ҳол боздошт нашудааст.

Ҷавобгарии ҳамлаи теруристиро гурӯҳи ҷиноии "Толибон" бар дӯш гирифт.

Лентаи хабарҳо
0