ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Кумитаи ҷавонон дар толори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб озмуни "Беҳтарин физики ҷавон" миёни хонандагони дабистонҳои ин минтақа баргузор шуд.
Донишомӯзон дар доираи барномаи таълимии синфҳои 9 — 11 гузаронида рақобат карданд.
Дар озмуни мазкур як нафарӣ аз ҳар як мактаб ширкат карда, аз рӯи 2 давр: имтиҳони тестӣ ва хаттӣ имтиҳон супориданд.
Наврӯз Сафаралӣ — хонандаи синфи 11 литсейи рақами 2 бо гирифтани 91 хол сазовори мақоми аввал шуд. Ҷойи дуюмро хонандаи синфи 10 дабистони рақами 34 Сайидо Юнусов бо гирифтани 90 хол ва ҷойи сеюмро хонандаи литсейи рақаи 1-и шаҳри Кӯлоб гирифт.
© Фото : Аз равобити умумии Кумитаи ҷавононОзмун дар Кӯлоб

Озмун дар Кӯлоб
© Фото : Аз равобити умумии Кумитаи ҷавонон
Ғолибони озмун бо ифтихорномаву туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.