Раисҷумҳур ба муносибати Шаби Қадр ҳазор зиндониро авф кард

© Sputnik / Тарас Литвиненко / Гузариш ба медиабонкЗаключенные в исправительной колонии. Архивное фото
Заключенные в исправительной колонии. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов раҳбарони ниҳодҳои посдори ҳуқуқро муваззаф карда, ки барои бозгашти авфшудагон ба хонаҳояшон дар кӯтоҳтарин муддат чораҷӯӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Тавре шаби гузашта телевизиони давлатии Туркманиcтон иттилоъ дод, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба муносибати Шаби Қадр 1029 зиндониро авф кардааст.

Фармони мазкурро раисҷумҳур дар Маҷлиси ҳукумат ба тавсиб расонид.

Бо имзои фармон Бердимуҳамадов роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуро вазифадор кард, ки дар муддати кӯтоҳ маҳбусони авфшударо ба хонаҳояшон бар гардонанд ва мақомотҳои маҳаллӣ онҳоро бо ҷойи кор таъмин кунанд.

Шаби Қадр — шаби 27-уми моҳи Рамазон аст, ки имсол ба 22-уми июн рост меояд.

Мусулмонон эътиқод доранд, ки Худованд дар ҳамин шаб Қуръонро ба Паёмбар (с) ба воситаи Ҷабраил нозил кардаст.

Пештар раисҷумҳури Туркманистон зиндониёнро ба муносибати ҷашнҳои давлатӣ озод мекард, аммо ин нахустин бор аст, ки зиндониён ба муносибати иди мазҳабӣ авф мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0