Барқияи таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Олмон

© Фото : Фотохост-агентство / Гузариш ба медиабонкПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Олмон ба муносибати даргузашти нахуствазири пешини он кишвар Хелмут Кол барқияи таслият равон кард

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад, имрӯз  Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Олмон Франк-Валтер Штайнмайер барқияи таслият ирсол намуд, ки дар, аз ҷумла омадааст:

"Ҷаноби Олӣ,

Хабари реҳлати собиқ Канслери Германия Хелмут Кол боиси андӯҳи бепоёни мо гардид.

Ҳелмут Кол, ба ҳайси шахсияти бузурги давлатӣ, хислату мӯҳтавои як давраи комили рушди кишварро муайян намуда, ҳамчун сиёсатмадоре, ки дар раванди муттаҳид гардонидани Германия ва таъсис додани Иттиҳоди Аврупо нақши бузург дорад, дар таърихи муосир ба ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд.
Ҷаҳду талошҳои пайвастаи ӯ дар арсаи байналмилалӣ баҳри таҳкими сулҳу субот ва ризоияти кулл, қатъ гардонидани давраи "ҷанги сард" боиси шинохти умум ва эътирофи марҳум гардид.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо ва ҳамаи пайвандону наздикони марҳум, ҳамчунин ба тамоми мардуми Германия таъзияи амиқ ва тасаллиятҳои сидқии худро иброз менамоям".

Ёдовар мешавем, ки нахуствазири пешини Олмон Ҳелмут Кол 16 июн дар 87-солагӣ дар гузашт.

Лентаи хабарҳо
0