Вазорати фарҳанг: рӯзҳои истироҳатиро бо барномаҳои консертӣ гузаронед

© SputnikПразднование Навруза в Душанбе
Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барномаҳои консертӣ ба ифтихори 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе баргузор мегарданд

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Тавре Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, имрӯз соати 16:00 дар Боғи "Ирам", Боғи "Дӯстӣ2, Боғи "Рӯдакӣ", Боғи "Парчами давлатӣ" ва амфитеатри "Аҳорун" баргузории барномаҳои консертӣ бо иштироки Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов, Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ, Филармония давлатии ба номи Акашариф Ҷураев, Ансамбли «Базморо» ва шуъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар назар аст.

Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи якшанбе, яъне 18 июни соли 2017 соати 16:00 дар боғҳои номбурда барномаҳои корсертии навбатӣ манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳад шуд. Ин навбат ҳунарпешаҳои ноҳияи Варзоб, ноҳияи Шоҳмансур, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода, Ансамбли тарона ва рақси «Сомон» ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ҳунарнамоӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0