ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Дар миёни касоне, ки аз тирандозӣ дар шаҳраки Кратово дар вилояти Маскав захмӣ шудаанд, як шаҳрванди Тоҷикистон низ будааст.
Зафар Дарвозиев ҳангоме, ки талош дошта ҷавонзанеро, ки сахт захмӣ шуда буду ҷон медода, ба паноҳгоҳе бикашад, аз пояш захм бардоштааст.
Вай чанд рӯз дар бемористони шаҳри Жуковск бистарӣ буд. Хабарнигори Sputnik ҳолашро ҷӯё шуду вай гуфт акнун беҳтар шудааст.
Аз ӯ ҷузъиёти он рухдодро ҷӯё шудем, вале хоксорона гуфт коре накарда, ки таҳсинбарангез бошад. Чун бисёр исрор кардем, мухтасаре бароямон боз гуфт.
"Он рӯз аз хиёбон мегузаштам, ки бонге баландро шунидам. Гумон кардам, ки болотар аз ман гоз мунфаҷир шудаву хонае оташ гирифта. Шитобон он сӯ рафтам. Дар хиёбон ҷавонзанеро дидам, ки афтода буд. Гумон кардам, ки тика-порае аз инфиҷор ба ӯ расидааст", — ба ёд овард ӯ.
"Наздиктар ки шудам дидам хунаш фаввора мезанад. Хостам баландаш кунам. Ногаҳон дардеро дар поям эҳсос кардам ва афтодам. Гумон кардам, ки милае ё шиферпорае ба поям расидааст. Ҳарчанд кӯшидам аз ҷо бархезам натавонистам. Хунам рафтан гирифт", — гуфт Зафар.
"Ҳамин замон марде аз дуртар садоям зад, ки худро канор бикаш, ки тират назананд. Тоза донистам, ки аз тир захмӣ шудаам. Он ҷавонзанро нигоҳ кардам ки дигар намеҷунбид. Бо дасту оринҷ худро сӯи деворе кашидаму ду мард давон-давон омада маро аз онҷо дуртар бурданд. Аз онҳо то ҳастам сипосгузор хоҳам буд", — тавзеҳ дод вай.
"Онҳо маро ба гараже бурданд ва онҷо якуним соат мондам то пизишкон расиданду маро бемористон бурданд. Тир аз гӯшт гузашта буда рагу пайро назада буд, вале хунам бисёр рафтаву бемадор шуда будам. Дар бемористон захмро бастанду поямро гачбандӣ карданд. Чанд рӯз бистарӣ будам ва имрӯз маро аз бемористон берун оварданд", — гуфт вай.
Зафар Дарвозиев 34-сола ва аз деҳи Шидз — аз рустоҳои Рӯшон аст ва дар шаҳри Липетск зиндагиву кор мекунад. Он рӯз шаҳраки Кратово омада буд то раванди таҳияи асноди иқоматашро пайгирӣ кунад. Акнун дар Кратово аст ва ҳамшаҳриёнаш то беҳбуд ёфтанаш ёриву парасторияш хоҳанд кард.
Дар тирандозие, ки 10 июн дар шаҳраки Кратово рух дода буд, бино бар омори расмӣ, чаҳор кас куштаву ду кас захмӣ шуда буданд.
Игор Зенков — марде, ки ин тирандозиро барпо карда буд, пештар корманди Вазорати умури изтирории Русия будааст. Вай дар паи амалиёти Нерӯҳои интизомии Русия кушта шуд.