Панҷ навҷавон дар Душанбе аз барои авбошӣ дастгир шуданд

© Sputnik / Анна Соловьева / Гузариш ба медиабонкДрака, архивное фото
Драка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон панҷ навҷавонро ба иттиҳоми авбошӣ дастгир кардаанд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дафтари иттилоърасонии ВУД Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Душанбе панҷ навҷавон ба иттиҳоми авбошӣ дастгир шудаанд.
Студент - Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустӣ барои марги донишҷӯ мудири коллеҷи тиббиро барканор кард
Бино ба ин гузориш, кормандони милиса дар паи баргузории амалиёти бозҷӯӣ панҷ навҷавон — донишомӯзони синфҳои болоии яке аз мактабҳои таҳсилоти миёни умумии шаҳри Душанберо ки аз 16 то 18-сола ҳастанд, ба иттиҳомӣ авбошӣ дастгир карданд. 
Муттаҳамон шоми 12 июн дар назди сохтмони иқомате навҷавони 18-солаеро дашномҳои қабеҳ гуфта, лату кӯб кардаанд. Дар натиҷа, вай сахт захмӣ ва дар бемористон бистарӣ шудааст.

Кормандони нерӯҳои интизомӣ ҷузъиёти ин рафтори авбошонаро бозҷӯӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0