ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik, Анастасия Лебедева. Дар ин намоишгоҳи тиҷории дурӯза беш аз дусад ширкату корхонаҳои санъатӣ ва бунгоҳҳои фароварии тавлидоти кишоварзӣ аз саросари Тоҷикистон, бонкҳо, ширкатҳои сохтусозӣ ва таробарӣ аз 10 кишвар тавлидоту хадатамоташонро пешкаши боздидкунандагон кардаанд. Ҳамчунин намояндаҳои 23 созмону ниҳоди байналмилалӣ низ аз ин намоишгоҳ боздид карданд.
Бахши расмӣ
"Намоишгоҳи байналмилалии тиҷорӣ дар ин чанд сол аз рухдодҳои муҳими иқтисодии Тоҷикистон шудааст. Шодем, ки намояндаҳое аз Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Лаҳистон ҳар сол дар он ширкат мекунанд", — гуфт муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ дар маросими оғози расмии кори ин намоишгоҳи тиҷорӣ.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки имсол барои нахустин бор ширкатҳое аз Узбакистон ва Латвия низ дар ин намоишгоҳ ҳузур доранд.
Бозаргонону тавлидкунандагон дар ду рӯз дар чорчӯби ин намоишгоҳ чанд мизи гирд ва ҷашнвораи гулу зардолу баргузор хоҳанд кард.
"Намоишгоҳи тиҷории "Суғд" дар кӯтоҳтарин замон аз як бозоргоҳи вилоятӣ ба бозори байналмилалӣ табдил ёфт. Бо хушнудӣ бар ин нукта таъкид мекунам, ки таваҷҷуҳи бозаргонони Русия ба ин намоишгоҳ соз аз сол бештар мешавад. Ин нукта низ муҳим аст, ки корофаринони кишварҳои мо роҳҳои густариши тавони тавлидотиву бозаргонии бахшҳои кишоварзӣ ва саноъеро ҳамроҳ ҷустуҷӯ кунанд", — гуфт раҳбари Намояндагии бозаргонии Русия дар Тоҷикистон Виктор Кораблин.
Дар ин маросим ҳамчунин раҳбари ҳайъати бозаргонии узбак — мудири Идораи тошкандии Утоқи бозаргониву саноъеи Узбакистон Файзулло Мамонов низ суханронӣ кард. Ҷолиб буд, ки муовини устондори Суғд, ки навбати суханрониро ба ӯ дода буд, вайро намояндаи Белорус хонд, вале ин лағжиши забонӣ бар ҷавви дӯстонаи маросим асаре накард.
"Намояндаҳои беш аз 30 ширкат аз Узбакистон барои роҳандозиву густариши ҳамкориҳо ба Хуҷанд омадаанд. Сидқан бовар дорам, ки ин намоишгоҳ равобити миёни кишварҳои моро ба сатҳе баландтар хоҳад бардошт", — гуфт Мамонов.
Гуногунӣ дар ғурфаҳо
Кохи варзиш, ки мизбони ин намоишгоҳ аст, имрӯз кандуи бузургеро мемонд. Мусиқӣ, ханда ва гуфтугӯҳо аз ҳар сӯ дар ҳам омехтаву ғулғулаеро падид овардаанд, ки тасвираш душвор аст. Меҳмонон гоҳе пеши ғурфае ҷамъ мешуданд ва гоҳе ба дуконе сар зада колоҳоро тамошову нарх мекарданд.
Ғурфаҳову дуконҳо пур аз коло буданд. Бозаргонон порчаву матоъ, пӯшоку фарш, меваву тарабор, шириниҳову хӯрданиҳо, обу шир, гӯшту лаконаву завиҷ (колбосу сосис), бозичаву зебафзору созҳои мусиқӣ, маврди шӯяндаву корафзор ва ҳатто мошинҳои кишоварзиро ба намоишу фурӯш гузоштаанд.
Бонувон усулан бештар аз зебафзорҳову порчаҳо боздид мекарданду мардон бештар корафзору тавлидоти санъатиро тамошо доштанд.
"Бисёр хушнудем ки даъватамон кардаанд дар ин намоишгоҳ ширкат кунем. Мо фурсат накардем дар намоишгоҳи Душанбе ширкат кунем ва дар воқеъ надзик буд ҳамин фурсатро ҳам аз даст бидиҳем. Беш аз 200 ширкат мехост дар ин намоишгоҳ ҳузур ёбад, вале танҳо 30 то ҷой буд", — мегӯяд як ширкаткунанда аз Узбакистон.
Имрӯз барояш рӯзи хубе буда, зеро тавониста дар ду соат бо се ширкати тоҷикӣ паймони ҳамкорӣ бибандад.
Дигар намояндаҳои Узбакистон ҳам дастовардҳои хубе доштаанд. Музокирот миёни бозаргонҳо аз ду кишвар дар авҷ аст ва боздидкунандагон бисёранд.
Намояндаҳои Русия низ даст остин бар зада талош доранд бо ширкатҳои кишоварзии тоҷикӣ паймони ҳамкорӣ бибанданд.
"Мо нахустин бор дар ин намоишгоҳ ширкат мекунем. Ростӣ, аз кушодарӯиву меҳмоннавозии тоҷикон хиҷолатзада шудаем. Моро бисёр хуш пешвоз гирифтанд. то кунун чандин пешниҳоди ҳамкорӣ аз бозаргонҳои тоҷик дарёфт кардаем", — мегӯяд мудири ширкати "Воловская техника".
Дар чанд дақиқае, ки вай бо хабарнигори Sputnik суҳбат мекард, картошкафурӯшҳои тоҷик то харидор буданашро шуниданд, гирдашро гирифтанду дар як мижа задан бастае калон аз кортвизиташ "об шуд".
Бархе аз боздидкунандагон гуфтанд, ки майдони Кохи варзишро се — чаҳор бор гашт задаанд. Онҳо мегӯянд, ки ин намоишгоҳ ду рӯз боз хоҳад буд ва бояд фурсат кард ҳама ғурфаву дуконҳояшро диду боздид кард.