ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Аз 16 то 18-уми июн боду ҳавои ҷумҳурӣ гарм ва хушк мешавад.
Бино ба иттилоъи равобити умумии КҲФ аз 16 то 18-уми июн ҳаво беш аз 40 дараҷа гарм шуда, барфу пиряхҳоро об мекунад ва метавонад муҷиби омадани селу резиши санг дар роҳҳои куҳӣ шавад.
Ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои ҷанубии мамлакат беш аз 40 дараҷа мешавад.
© Фото : Агентство по гидрометеорологии РТПогода в Таджикистане
Погода в Таджикистане
© Фото : Агентство по гидрометеорологии РТ
Кумитаи наҷотдиҳии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд.
Бахусус, ҳангоми гузар кардан аз роҳҳои куҳӣ сайру гашт дар назди ҳавзҳо, обанборҳо ва дарёҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.