ДУШАНБЕ, 15 июн —Sputnik. Ожонси мубориза бо фасод иттилоъ медиҳад, ки дар шаҳри Турсунзода мудири шуъбаи "Амонатбонк" ба иттиҳоми ришва додан ба корманди ин ниҳод боздошт шудааст.
Бино ба гузориши ин ниҳод, ин мудир барои пинҳон кардани камбудҳое, ки кормандони Ожонс ошкор кардаанд, чанд бор ба яке аз масъулин пора пешниҳод кардааст.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, пас аз он ки кормандони Ожонси мубориза бо фасод амалкарди ин бонкро бозрасӣ карда камбудҳоеро ошкор мекунанд, мудир барои пинҳон кардани онҳо ба яке аз кормандон 120 000 сомонӣ ришва пешниҳод мекунад.
"Ҳарчанд, ки корманди Ожонс аз ришва гирифтан аз Насриддинзода сар боз зада, вале ӯ чанд бор пешниҳодашро такрор кардааст", — омадааст дар хабар.
"Маъруфхӯҷа Насриддинзода 30 май дар паи баргузории амалиёти бозҷӯӣ дар шаҳри Турсунзода, ҷамоати деҳоти Қаратоғ, деҳаи Батош ҳангоми таҳвил додани 120 ҳазор сомонӣ ба корманди Ожонс дастгир шуда, маблағи зикршуда ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ гирифта шуд".
Маъруфхуҷа Насриддинзода муттаҳам ба судури табаҳкории муайяншуда бо моддаи 320 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда барои бозҷӯии он парванда оғоз шуда аст.