ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Рӯзи 12 июн тоҷикони муқими Маскав дар ҷашни Рӯзи Русия ширкат карданд.
Намояндагони созмони муҳоҷирони Тоҷикистон ҳамроҳи дигар маскавиён ва меҳмонони пойтахти Русия дар боғи Эрмитаж ҷашнвораи "Самоварфест" ташкил карданд.
"Намояндагони Тоҷикистон бо пироҳанҳои миллӣ дар ҷашн зеботарин буданд. Онҳо ҳамвора таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб мекарданду ҳар кас мехост тоқиҳояшонр ба сар гузорад", — навиштааст Аслишо Акимбеков, раҳбари кумитаи фарҳанги созмони "Нур" дар сафҳаи фейсбукияш.
Ҷашнвора бо ширкати намояндагони мардумони гуногуни Русия бо чойхӯриву рақсу бозӣ баргузор шуд. Гуфта мешавад, ки дар ин барнома беш аз 1,8 ҳазор кас ширкат кардааст.
Намоди ҷашнвора — самовар ё чойҷӯш буд. Ин чойҷӯш бузургтарин самовари дунё буда, 1,95 метр баландӣ дорад. Самовар дар маркази майдони ҷашнгоҳ гузошта шуда буд.
Ҳадаф аз баргузории ин ҷашнвора дар Рӯзи Русия муттаҳид кардани мардумони гуногуни Русия аз бумиёну муҳоҷироон гуфта шудааст.
"Кишвари мо хонаводаи байналмилалии моро, ки ибдорат аз 193 қавм аст, ба ҳам овард. Самовар — рамзи муттаҳид кардан аст", — гуфт раҳбари бахши умурии миллии шаҳрдории Маскав Виталий Сучков.
Тоҷикон дар ин ҷашнвора дар аксбардорӣ рекорд барпо карданд. Ҳар касе кӯшиш мекард то бо нозанинони тоҷик акс бигирад.